зердастӣ — [زيردستي] фармонбардорӣ, мутеӣ, тобеият … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боҷ — [باج] 1. таър. пулу чизе, ки подшоҳони бузург аз подшоҳони зердаст ё аз раият мегирифтанд, хироҷ, андоз, молиёт 2. андози пулии давлатӣ, ки ҳангоми аз сарҳади мамлакат гузаронидани молҳои тиҷоратӣ гирифта мешавад: боҷи гумрук, боҷи воридот, боҷ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вассал — [وسل] фр 1. таър. феодали асрҳои миёнаи Аврупои Ғарбӣ, ки ба заминдори аз худ калонтар тобеъ буд ва ба ӯ боҷу хироҷ медод 2. шахс ё давлате, ки ба шахс ё давлати дигар тобеъ аст, зердаст, мутеъ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дастхуш — [دست خوش] он ки шахсе ӯро мавриди масхараю ханда қарор медиҳад, бозичаи дасти дигар; мутеъ, зердаст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забардаст — [زبردست] 1. зӯр, зӯрманд, соҳибиқтидор, тавоно; ғолиб; муқоб. зердаст 2. моҳир, соҳибҳунар, устои кори худ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забунӣ — [زبوني] заифӣ, нотавонӣ, оҷизӣ, хорӣ; зердастӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
поинталаб — [پايين طلب] зердаст, банда, мутеъ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тасаллут — [تسلط] а. бартарӣ, даст ёфтан, ғалаба кардан, чира шудан (ба касе ё ба мамлакате); зердаст кардан (мамлакатеро) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тортуқ — [تارتوق] т. кҳн., таър. он чи зердаст ба забардаст тақдим мекард, пешкаш, ҳадя; тортуқ кардан пешкаш кардан, ҳадя тақдим кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фурӯдаст — [فرودست] маҷ. зердаст, заиф, забун, оҷиз, дастнигар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ